,
Душанбе, 29-июн
Ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳиму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонид. Ва акнун замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи олии худшиносӣ, сарҷамъӣ ва пойдории давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯзи муқаддас ҳамчун нишонаи пирӯзии хирад, ирода ва фарҳанги сулҳпарваронаи миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Маҳз ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони содиқи Ватан Тоҷикистон аз гирдоби ихтилофу ҷудоиҳо раҳо ёфта, роҳи рушди устувор ва созандагиро пеш гирифт. Ва ин нукта аз ҳидоятҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Тоҷикистони азиз маълум аст, ки “Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад”.
Дарвоқеъ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун рамзи муттаҳидии миллат ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ таҷлил мегардад. Ваҳдат барои халқи азизи мо дар радифи мафҳуми сиёсӣ, арзиши бузурги маънавӣ ва омили асосии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз ҳамин омили муҳимми ҳаётбахшанда тавонист миллатро аз хатари парокандагӣ наҷот бахшида, барои эҳёи иқтисод, рушди фарҳанг ва таҳкими суботи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад.
Имсол аз рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бисту нуҳ сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф шудааст. Самараи сулҳу ваҳдат имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври равшан эҳсос мешавад. Пешрафти иқтисодӣ, ободонии шаҳру деҳот, бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими фазои орому созандаи кишвар мебошанд.
Дар ин роҳи пурсаодату раванди тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз бо иродаи қавӣ, сиёсати дурандешона ва талошҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат ҷонибҳои муқобил ба музокирот ҷалб гардида, барои расидан ба сулҳи комил заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Пешвои миллат дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърихи давлат масъулияти бузурги роҳбариро ба зимма гирифта, Тоҷикистонро аз хатари нобудӣ наҷот доданд.
Ин сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат имкон дод, ки арзишҳои миллӣ эҳё гардида, давлатдории тоҷикон таҳким ёбад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин дастовардҳо пеш аз ҳама маҳсули ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сифати яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути гуфтушунид дар таърихи муосир маҳсуб меёбад. Ин таҷриба собит сохтааст, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро метавон бо роҳи муколама, таҳаммул ва эҳтироми манфиатҳои якдигар ҳал намуд. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ мавриди омӯзиши коршиносони сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Далели бебаҳс ва яке аз муҳимтарин нишонаҳои эътирофи байналмилалии таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлат қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 25 июни соли 2026 мебошад, Пазируфтани ин санади муҳими байналмилалӣ бори дигар собит намуд, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон аз доираи арзиши миллӣ фаротар рафта, имрӯз ҳамчун таҷрибаи арзишманд дар пешбурди фарҳанги сулҳ ва муколама дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ба таҳкими сулҳ, тавсеаи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо равона гардида, аҳамияти арзишҳои сулҳу ризоиятро ҳамчун кафили рушди устувори башарият боз ҳам таъкид менамояд.
Қатъномаи мазкур дар асл идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон пешниҳод гардидаанд. Маҳз таҷрибаи нодири сулҳу оштии миллӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат амалӣ гардид, имрӯз ба сарчашмаи ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ мубаддал гардидааст. Ин дастовард мақоми Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшида, ҳамзамон нишон медиҳад, ки таҷрибаи ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикон метавонад барои таҳкими сулҳу субот ва ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун намунаи ибрат хизмат намояд. Аз ин рӯ, чунин эътирофи байналмилалӣ моро водор месозад, ки ба қадри сулҳу ваҳдат бештар расида, дар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо масъулияти боз ҳам бештар эҳсос намоем.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ дар кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст, он маҳсули ранҷу машаққат, таҳаммул ва хиради сиёсии ин мардуми фарзона мебошад. Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба сулҳу оромӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, дар ин ҷода аз имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст. Аз ҳамин лиҳоз, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат масъулияти бузург дар назди имрӯз ва фардои давлату миллат маҳсуб меёбад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «...барои мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад». Ин ҳидояти арзишманд аҳамияти тарбияи шаҳрвандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол боз ҳам равшантар менамояд.
Дар ин асос имрӯз фарҳанги сулҳ ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва зиндагии мардуми кишвар табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи ҳамин фарҳанг арзишҳои таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоишта густариш меёбанд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад». Ин андеша моҳияти аслии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва арзиши волои ваҳдати миллиро ба таври амиқ инъикос менамояд.
Лиҳозо, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, густариши низоъҳои минтақавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ тақозо менамоянд, ки ҷомеаи Тоҷикистон беш аз пеш муттаҳид ва сарҷамъ бошад.
Ваҳдати миллӣ имрӯз ба омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ табдил ёфтааст. Он мардумро новобаста аз минтақа, ақида ва мансубияти иҷтимоӣ атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифаи танҳо давлат набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар таҳкими фазои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми худро гузорад.
Дар ин ҷода нақши ҷавонон ба сифати неруи созанда ва идомадиҳандагони роҳи пурифтихори ниёгон ва соҳибони ин сарзамини куҳан муҳим мебошад. Насли ҷавон ҳамчун идомадиҳандаи роҳи давлатсозӣ бояд моҳияти ваҳдат, истиқлол ва арзишҳои миллиро амиқ дарк намояд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ яке аз кафолатҳои асосии пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар мебошад. Ҷавонони соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди масъулият метавонанд неруи пешбарандаи ҷомеаи муосир бошанд.
Бояд дар хотир дошт, ки Тоҷикистон аз баракати сулҳу ваҳдат тавонист дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Чунонки дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид мешавад, густариши худшиносӣ ва тарғиби аҳамияти ваҳдати миллӣ дар байни мардум, бахусус ҷавонон, бояд ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти тарбиявӣ ва маърифатӣ боқӣ монад.
Ҳамзамон, таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат имкониятҳои нав барои рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоӣ фароҳам меоянд.
Дар баробари ин пешрафтҳои аёнӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои маҷозӣ дар замони муосир масъулияти шаҳрвандонро дар ҳифзи ваҳдати миллӣ бештар намудааст. Дар шароите, ки иттилооти гуногун ва баъзан ғаразнок ба ҷомеа роҳ меёбад, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги иттилоотии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Танҳо ҷомеаи дорои ҷаҳонбинии солим метавонад аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва ҷудоиандоз эмин бимонад.
Нақши аҳли зиё, олимон, омӯзгорон ва кормандони фарҳанг дар таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамеша муассир боқӣ мемонад. Маҳз онҳо метавонанд тавассути фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ рисолати зиёиён дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа беш аз пеш муҳим гардидааст.
Яке аз омилҳои муҳими пойдории ваҳдат рушди илму маориф мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷомеаи донишбунёд ҳамеша устувортар ва муттаҳидтар аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи давлат ба рушди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ мегардад.
Дар ин раванди созандагӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва таълимии кишвар дар татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи давлат нақши арзанда дорад. Дар донишгоҳ пайваста чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ баргузор гардида, барои тарбияи ҷавонони донишманд, ватандӯст ва худогоҳ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ин муассисаи бонуфуз дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Мо имрӯз бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Бунёди садҳо иншооти муҳим, рушди инфрасохтори муосир ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар аз самараҳои бевоситаи ҳамин фазои орому созанда мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун рисолати доимии ҳар як шаҳрванди кишвар пазируфта шавад. Танҳо бо такя ба арзишҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ва садоқат ба Ватан метавонем дастовардҳои бузурги сулҳу истиқлолро ҳифз намуда, барои рушди устувори Тоҷикистони азиз заминаҳои боз ҳам мустаҳкамтар фароҳам оварем.
Дар маҷмуъ, Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он пояи устувори давлат, кафили рушди иқтисодӣ, омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва заминаи зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Танҳо дар сурати таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ мо метавонем дастовардҳои имрӯзаи худро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи ободу пешрафта ва давлати нерумандро мерос гузорем.
Дар фарҷом, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатии комил, рӯзгори ободу осуда, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша пойдор монда, Тоҷикистони маҳбуби мо дар фазои орому осоишта роҳи рушду пешрафт ва ободониро бо қадамҳои устувор идома диҳад.
Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамватанони гиромӣ!
Сафарзода Мунир Ватан, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ