,
Ҷумъа, 26-июн
Рӯзҳои 20-21 июни соли 2026 конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Remaining Student-Centered in the Age of AI” (Нигоҳдории тамаркуз ба донишҷӯ дар давраи зеҳни сунъӣ) бо ташаббуси ташкилоти Virtual ERC Community дар ҳамкорӣ бо English Language Fellows баргузор гардид. Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва рушди малакаҳои касбии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ декани факултети филологияи хориҷӣ, дотсент Шарифзода Хуршед, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муродзода Баҳриддин ва муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии факултети мазкур, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар фаъолона иштирок намуда, бо шаҳодатномаҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, барои дастгирии пайваста ва саҳми арзишманд дар рушди касбии омӯзгорони забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ (American Councils for International Education) раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо “СИПОСНОМА” сарфароз гардонид.
Дар матни сипоснома, ки аз номи директори минтақавии Шурои Амрико Мэттю Мулхерин ирсол гардидааст, зикр мешавад, ки иштироки фаъоли омӯзгорони донишгоҳ дар барномаҳои Маркази захираҳои виртуалии забони англисӣ (V-ERC), вебинарҳо ва чорабиниҳои таълимӣ ба рушди малакаҳои касбӣ, такмили маҳорати забонӣ ва густариши фарҳанги омӯзиши пайваста мусоидати назаррас намудааст.
Қадрдонии мазкур бозгӯи нуфузи рӯзафзуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар арсаи байналмилалӣ ва самараи сиёсати роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати омӯзгорон мебошад.