,
Ҷумъа, 26-июн
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорони факултет бахшида ба 29-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдат миллӣ–рамзи пойдорӣ ва устувории миллат” баргузор гардид.
Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик барои таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Сипас, ҷонишини декани факултет оид ба тарбия, Насимҷони Саидаъзам суханронӣ намуда, зикр намуд, ки ҳифз ва таҳкими арзишҳои Ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Баъдан дотсенти кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Ваҳдат миллӣ–бақои миллат ва кафили фардои дурахшони Тоҷикистон” ва муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик Нозимова Саодат дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат миллӣ” маърӯза намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати комил барқарор гардида, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам оварда шуд.