, Ҷумъа, 26-июн

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР


НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети география ва иқтисодиёти рақамии мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди босуботи кишвар” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки садорати факултети, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сулҳу субот ва сарҷамъии миллат имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Сипас, декани факултет, дотсент Ибрагимова Рухшона суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори давлат барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Баъдан мудири кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунӣ, дотсент Раҳматзода Умед дар мавзуи “Хусусиятҳои ҷалбӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Давлатзода Шералӣ дар мавзуи “Рушди сайёҳӣ ва афзалиятҳои он дар соҳаи иқтисодиёти кишвар” ва мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, дотсент Назаров Муродалӣ дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ”.

Зимни бромадҳо таъкид гардид, ки маҳз фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Иштирокчиён иброз доштанд, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон мебошад.




Ба рӯйхат