, Ҷумъа, 26-июн

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДАР ДДК

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму маориф, инчунин дар асоси дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ семинари омӯзишӣ барои ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, такмили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи босифати китобҳои дарсӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи муосир арзёбӣ гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар шароити муосир барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва тақвияти иқтидори зеҳнии омӯзгорон аҳамияти муҳим дорад. Таъкид гардид, ки танҳо тавассути такмили пайвастаи дониш ва аз худ намудани талаботи нави соҳаи маориф метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир ноил гардид.

Сипас, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика, математика ва информатика дар мавзуи “Тарзи таҳия ва пешниҳоди мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шамшоди Ҷамшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Тартиби таҳияи китобҳои дарсӣ тибқи талаботи муосир” ва Яъқубзода Фируз, дотсент, муовини сардори раёсати таълим дар мавзуи “Тартиби таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон барои соли таҳсили 2026-2027” маърӯза намуда, оид ба тартиб, талабот ва меъёрҳои амалкунандаи соҳавӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои омӯзгорон вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ посухҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. Таъкид шуд, ки баргузории чунин семинарҳо дар баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, такмили фаъолияти касбӣ ва беҳтар намудани сифати таълиму таҳқиқот дар донишгоҳ нақши муассир дорад.




Ба рӯйхат