,
Ҷумъа, 26-июн
Дар ҷаласаи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи мазкур Раҳматова Раҳиёнгул Бадарғаевна дар мавзуи “Саҳми академик П.Б. Бобоҷонов дар рушди ситорашиносии тоҷик”, зери роҳбарии доктори илмҳои таърих Бобоев Хаёл Юлдошович баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.