, Сешанбе, 23-июн

БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОНИШГОҲ


БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва факултети химия ва биология бо иштироки ҳайати омӯзгорону кормандон семинар дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар шароити муосир: интернет барои дониш ё барои хатар?” баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дотсент Шарипов Анвар, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ, доир ба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷаҳонбинии ҷавонон суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки имрӯз интернет ба як воситаи муҳими дастрасӣ ба дониш, иттилоот ва рушди малакаҳои касбӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, истифодаи бемасъулиятонаи фазои маҷозӣ метавонад ба ташаккули афкори нодуруст, коҳиши сатҳи маънавиёт ва дуршавии ҷавонон аз арзишҳои миллӣ мусоидат намояд.

Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзгорон ҳамчун неруи асосии тарбияи насли наврас ва ҷавон масъулияти бештар доранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо дар баробари таълиму тарбия, барои баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат низ саҳми фаъол гузоранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён доир ба роҳҳои истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии таъсири манфии муҳтавои ғайримақсаднок ва баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотӣ мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин суҳбатҳоро барои тақвияти корҳои тарбиявӣ муҳим арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат