, Сешанбе, 23-июн

СУҲБАТИ МУҚАДДАМОТӢ ДАР ҲОШИЯИ БАИМЗОРАСОНИИ САНАДИ ҲАМКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ


СУҲБАТИ МУҚАДДАМОТӢ ДАР ҲОШИЯИ БАИМЗОРАСОНИИ САНАДИ  ҲАМКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (22.06.2026), дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии муқаддамотӣ дар ҳошияи баимзорасонии Протоколи ниятҳо оид ба ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи шаҳри Москва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор ва намояндаи муассисаи шарик Шукрона Ахмедова иштирок намуданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан меҳмонро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки сиёсати «дарҳои кушод», ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардааст. Қайд гардид, ки рушди ҳамкориҳо бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Дар навбати худ, Ахмедова Шукрона аз истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ ва илмӣ иброз дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки тақвияти робитаҳои байнидонишгоҳӣ метавонад барои мубодилаи таҷриба, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён саҳми назаррас гузорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, роҳандозии табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, ташкили таҷрибаомӯзиҳо, амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Протоколи ниятҳо оид ба ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, ташкили таҷрибаомӯзиҳо, амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмию таълимӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мебошад.




Ба рӯйхат