, Ҷумъа, 19-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

19 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо боздиди иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои илмиву эҷодии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ оғоз гардида, сипас бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозирин ва кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави рушди ҷомеа мақоми хос дорад.

Ёдовар шуд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 барои халқи тоҷик анҷоми як давраи пурошӯби таърих ва оғози марҳилаи нави бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори кишвар гардид. Қайд карда шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пойдор гардида, заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлат фароҳам омад.

Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ-назариявии худ баромад намуданд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа Ибодов Маҳмадулло Орифович дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» маърӯза намуда, аҳамияти фалсафии ваҳдатро дар раванди ташаккули давлатдории муосири тоҷикон таҳлил кард. Устод таъкид намуд, ки маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муҳими сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, болоравии фарҳанги сиёсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Холиқов Сафар Сайфиддинович, номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он, дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ-кафили сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон» суханронӣ намуда, нақши сулҳу ваҳдатро дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии кишвар мавриди таҳлил қарор дод. Номбурда зикр намуд, ки дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, энергетика, саноат ва инфрасохтор маҳсули муҳити орому созандаи ҷомеа мебошанд.

Яқубзода Фирӯз, номзади илмҳои сиёсӣ, муовини сардори раёсати таълим, дар мавзуи «Саҳми калидии Пешвои миллат дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа» баромад намуда, нақши таърихии Пешвои миллатро дар муттаҳид сохтани неруҳои ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи кишвар шарҳ дод. Дар маърӯза ҳамчунин таъкид гардид, ки сиёсати созандаву дурбинонаи роҳбарияти давлат имрӯз Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди устувор ва нуфузи байналмилалӣ раҳнамун сохтааст.

Пас аз анҷоми маърӯзаҳо бахши музокира баргузор гардид. Дар он Зайналов Қурбон, номзади илмҳои фалсафа ва муаллими калони кафедраи фалсафа, доир ба аҳамияти таърихии сулҳу ваҳдат, таҳкими худшиносии миллӣ ва нақши созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ андешаҳои худро баён намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои сулҳу субот, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими аҳли илму маориф маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таблиғи таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон барои тарбияи насли ояндасоз ва рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо пешниҳоди тавсияҳои илмӣ ва қабули хулосаҳои дахлдор ба кори худ анҷом бахшид.




Ба рӯйхат