,
Ҷумъа, 19-июн
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондааст. Дар ин замина тамоми имконияту захираҳо баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ сафарбар гардидаанд.
Бо мақсади арзёбии воқеии вазъи корҳо, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани вазифаҳои навбатӣ барои давраи минбаъда, имрӯз, 16 июни соли 2026, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раёсати донишгоҳ шунидани ҳисоботи солонаи садоратҳои факултетҳо оғоз гардид. Ин иқдом дар ҳошияи натиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 баргузор шуда, ба таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкиливу идоракунӣ равона гардидааст.
Дар маҷлиси натиҷагирӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, инчунин ҳайати омӯзгорону кормандони факултетҳо иштирок намуданд.
Нахуст, ҳисоботи декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад ва дар идома ҳисоботи декани факултети филологияи хориҷӣ, дотсент Шарифзода Хуршед шунида шуд. Зимни ироаи ҳисобот масъулини факултетҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар конференсияҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар самтҳои фаъолият маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки дар давоми соли таҳсил дар баробари ба даст овардани як қатор дастовардҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон баъзе масъалаҳои ҳалталаб низ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, зарурати тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои муосири таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими фаъолияти тарбиявӣ таъкид карда шуд.
Зимни баррасии ҳисобот миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият дар самтҳои гуногун пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ таъкид намуд: «Сиёсати маорифпарварона ва илммеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор ва корманди донишгоҳро зарур аст, ки бо масъулияти баланд дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳм гузошта, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди фаъолияти илмӣ кӯшиши бештар намояд».
Дар фарҷоми ҷаласа ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултетҳо ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар самтҳои таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ, рақамикунонии раванди таълим ва таҳкими робитаи донишгоҳ бо ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ омили муҳими ноил гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар дар соли таҳсили 2026-2027 хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки шунидани ҳисоботи ҷамъбастии факултетҳои донишгоҳ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати донишгоҳ идома дошта, фаъолияти дигар факултетҳо низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими низоми идоракунӣ, арзёбии воқеии натиҷаҳои фаъолият ва таъмини рушди минбаъдаи корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкиливу идории донишгоҳ мебошад.