,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҳамзамон барои омода намудани омӯзгорону донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» санаи 14-уми апрели соли равон аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба китобхонаи донишгоҳ 78 номгӯи китобҳои илмӣ ва бадеӣ аз адибони классик, муосир ва хориҷӣ ворид гардид.
Қайд бояд кард, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва ҳамзамон дар доираи Фонди Аврупо Эрасмус+ ТРИГГЕР ба Китобхона зиёда аз 580 номгӯи китоб ворид гардидааст, ки ин барои беҳтар намудани савияи дониши донишҷӯён заминаи хуберо фароҳам меоварад.