,
Сешанбе, 09-июн
Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои ҳар давлат неъмати бебаҳо ва омили асосии рушду пешрафт ба ҳисоб мераванд. Маҳз фазои оромӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ҷомеаро ба сӯи тараққиёт раҳнамун сохта, шароити зиндагии осоишта ва шоистаи мардумро таъмин менамояд. Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ва дастоварди бузурги таърихӣ мебошад, зеро пас аз солҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ мардум қадру манзалати сулҳро амиқтар дарк намуданд.
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Ин суханон барои ҳазорон нафар ҳамватанони азиятдида, гурезаҳо, занону кӯдакон ва пиронсолон муждаи умеду зиндагии нав гардиданд.
Бо дастгирии мардуми кишвар ва иродаи қавии сиёсӣ роҳбари давлат тавонист заминаҳои сулҳу суботро фароҳам оварад. Иқдомҳои созандаи ӯ дар самти роҳандозии музокироти сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввалия ва таҳкими эътимоди мардум ба ояндаи нек нақши ҳалкунанда бозиданд.
Натиҷаи ин талошҳои пайгирона 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Созишномаи мазкур ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат заминаи устувор фароҳам овард.
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти зиёди ҷонӣ ва молӣ дида, зербиноҳои иқтисодиву иҷтимоии он осеб дида буданд, дар оғози давраи нави давлатдорӣ бо мушкилоту буҳронҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, ба шарофати сулҳу ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ҷомеаи Тоҷикистон тадриҷан ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошт. Таҷрибаи талхи гузашта барои мардум дарси бузурги таърихӣ гардида, аҳамияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам бештар намуд.
Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба кишвари рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мактабҳо, донишгоҳҳо, роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум мунтазам беҳтар мешавад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлат мебошанд.
Ваҳдати миллӣ танҳо масъулияти давлат нест, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хусусан ҷавонон бояд ба Ватан содиқ бошанд, арзишҳои миллӣ ва давлатиро эҳтиром намоянд, барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳм гузоранд ва дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар фаъолона иштирок намоянд. Миллати муттаҳид метавонад ҳама гуна мушкилоту монеаҳоро паси сар карда, ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Маҳз бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон аз вартаи ҷангу низоъ раҳо ёфта, ба роҳи рушд ва пешрафт ворид гардид.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар, демократӣ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мақому манзалати хос пайдо намудааст. Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад.
Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура-дотсент, декани факултети химия ва биологияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ