,
Якшанбе, 10-ноябр
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 11.04.2022 то 14.04.2022 конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардида буд. Сани 14-уми апрели соли равон дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷаласаи ҷамъбасти конфронс гузаронида шуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байнамилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, зимни баромадашон қайд намуданд: “Конференсияи илмӣ-назариявӣ самти муайяни фаъолияти кори таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, дар баланд бардоштани малакаи илмӣ-назариявии омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён нақши муҳим мебозанд.
Бо назардошти ин дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми апрел ба ҳайси “Рӯзи илми тоҷик” қабул гардидааст. Ба ин хотир нимаи аввали моҳ дар баробари баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-амалӣ ё амалӣ-назариявӣ, ҳамзамон аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорону донишҷӯён низ натиҷагирӣ карда мешавад. Раёсати донишгоҳ, коллективи омӯзгорону кормандон фаъолияти хешро маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, дар соли сипаригашта ба як қатор дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ноил гардиданд. Дар 36 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 18 равия, 25 проблема ва 28 мавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар конфронси мазкур зиёда аз 900 номгӯи мақолаҳои омӯзгорон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.”.
Дар охир ба чанде аз омӯзгорону донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва маърӯзаи беҳтарин дар конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ҳамзамон, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» аз ҷониби садорати донишгоҳ бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.