,
Чоршанбе, 03-июн
Санаи 02 июни соли 2026 ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар дар сессияи иттилоотии маҷозӣ, ки аз ҷониби UI GreenMetric дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба таври онлайн иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба методологияи нави рейтинги UI GreenMetric барои соли 2026, тартиби пешниҳоди маълумот, меъёрҳои арзёбӣ, идоракунии устувор, рақамикунонӣ ва роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён доир ба талабот ва механизмҳои нави баҳогузорӣ маълумоти муфассал гирифта, дар доираи мубодилаи афкор масъалаҳои вобаста ба татбиқи таҷрибаҳои муосир дар самти рушди устувори муҳити донишгоҳиро муҳокима намуданд.