,
Чоршанбе, 03-июн
Дар кӯдакистони «Ситора»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Хайр, боғча!» бо иштироки тарбиягирандагони гурӯҳи хатмкунанда, яъне синни мактабӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба муносибати анҷоми марҳилаи аввали таълиму тарбия ва қадами нахустини кӯдакон ба сӯи муҳити мактаб бахшида шуда, дар фазои гарму хотирмон доир шуд.
Дар ин ҳамоиши идона намояндагони донишгоҳ, кормандони ҳайати мураббиён, тарбиягирандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти кӯдакистон оғоз гардида, сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи тарбиягирандагон пешкаши ҳозирин карда шуд. Кӯдакон бо қироати шеърҳои пурмазмуну ватандӯстона, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан, модар, мураббиён, китоб ва мактаб маҳорати хуби эҷодӣ ва ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби тарбиягирандагон пешкаш гардидани саҳначаҳои ҷолибу тарбиявӣ вобаста ба рӯзгори кӯдакистон ва омодагӣ ба таҳсил дар мактаб бисёр хотирмон буд. Иҷрои рақсҳои миллӣ ва муосир низ шукӯҳу шаҳомати барномаро боз ҳам афзун намуд.
Волидайни тарбиягирандагон баромадҳои фарзандони худро бо эҳсоси баланди ифтихор тамошо намуда, ба роҳбарият ва ҳайати мураббияҳои кӯдакистони «Ситора» барои фаъолияти содиқона, заҳматҳои пайваста ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар навбати худ, мураббиён хатмкунандагони хурдсолро ба муносибати ин рӯзи хотирмон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ, донишандӯзӣ ва расидан ба орзуҳои нек комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии «Хайр, боғча!» ба сифати рӯзи видои кӯдакистон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, дар анҷом ба хатмкунандагони хурдсол ва волидони онҳо аз ҷониби маъмурият ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуд.
Бешак, ин рӯзи фаромӯшнашаванда дар хотири кӯдакон ва волидайни онҳо ҳамчун оғози як марҳилаи нави зиндагӣ ва саҳифаи дурахшони айёми кӯдакӣ нақш хоҳад баст.