, Чоршанбе, 03-июн

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайни факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар дотсенти кафедра Муродализода Раҳмоналӣ бо маърузаи илмии худ таҳти унвони «Амнияти идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ: ҷанбаҳои асосӣ ва усулҳои ҳифзи маълумот» баромад намуд. Ҳамзамон муаллими калони кафедра Ҳамидзода Дилрабо дар мавзуи «Манбаъҳои асосии таҳдидҳои дохилӣ дар технологияҳои итилоотӣ» маъруза намуд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни семинар перомуни мазмуну муҳтавои маърузаҳо ва роҳҳои татбиқи амалии он дар раванди таълим ибрози андеша намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.




Ба рӯйхат