, Чоршанбе, 03-июн

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ УНВОНҶӮЁН


МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ УНВОНҶӮЁН

Имрӯз, 30 майи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид, ки дар он муҳокимаи рисолаҳои илмии унвонҷӯён сурат гирифт.

Дар ҷаласа рисолаҳои диссертатсионии ду унвонҷӯ: Носирова Оламбӣ-дар мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-пажуҳишии Худоӣ Шарифзода», зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи эрони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаров Умар ва Нозимова Саодат Баротовна-дар мавзуи «Ҳақиқати таърихӣ ва ҳақиқати бадеӣ дар романи “Куруши Кабир”-и Бароти Абдураҳмон», зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кӯчарзода Аламхон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар муҳокимаи рисола, намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Зимни ҷараёни муҳокима муқарризон ва дигар иштирокчиён дар баромадҳои худ ҷанбаҳои мусбат ва баъзе камбудиҳои рисолаҳои пешниҳодшударо мавриди таҳлил қарор дода, барои такмил ва баланд бардоштани сатҳи илмии онҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.

Дар натиҷа, бо дарназардошти тавсияҳои пешниҳодгардида, рисолаҳои илмии унвонҷӯён анҷомёфта арзёбӣ гардида, барои марҳилаи навбатии муҳокима тавсия дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа, раёсати донишгоҳ ба унвонҷӯён ва роҳбарони илмии онҳо барору комёбӣ орзу намуда, ба онҳо дар роҳи илму таҳқиқот ва дастёбӣ ба дастовардҳои нави илмӣ муваффақиятҳои минбаъдаро таманно кард.




Ба рӯйхат