, Чоршанбе, 19-август

БАРГУЗОРИИИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДДК

Имрӯз, 30 майи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фарҳанги варзишӣ, рушди қобилияти ҷисмониву маънавии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ арзёбӣ гардид.

Ин иқдоми варзишӣ дар доираи сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни машқ иштирокчиён таҳти роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро намуда, аҳаммияти варзишро ҳамчун омили муҳими солимии ҷомеа, воситаи таҳкими ирода, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷавонон таъкид карданд.

Иштироки фаъоли ҳайати роҳбарӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён дар ин ҳамоиши варзишӣ аз таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули шахсияти фаъолу масъулиятшиноси ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ минбаъд низ тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор гардида, барои таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва рушди фарҳанги солими ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_673mjvo2vaps2qoo6cdu4h4bo0 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_673mjvo2vaps2qoo6cdu4h4bo0): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dcvk9b1u3c0dn499h6s7fogdrm in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dcvk9b1u3c0dn499h6s7fogdrm): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_g3msl0e16fql58l7ihcvvi1a0n in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_g3msl0e16fql58l7ihcvvi1a0n): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_in7k9nm9t0b9bhs6o28aoh23lr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_in7k9nm9t0b9bhs6o28aoh23lr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274