,
Шанбе, 30-май
Имрӯз дар назди даромадгоҳи шаҳри бостонии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқболи ғолиби мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба гӯштини кураш, донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Мустафои Абдулфайз баргузор гардид. Нахуст, варзишгар дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, ҳайати устодон, донишҷӯён ва дӯстдорони варзиш бо руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ пешвоз гирифта шуда, сипас дар бинои маъмурии донишгоҳ бо иштироки роҳбарият вохӯрии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни маросими пешвозгирӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, аз дастоварди варзишгари донишгоҳ изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки чунин муваффақиятҳо натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳмати пайвастаи ҷавонони соҳибистеъдод мебошад. Ҳамзамон зикр гардид, ки дастовардҳои варзишгарони ҷавон боиси баланд гардидани обрӯву нуфузи донишгоҳ ва муаррифии ҷавонони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ мегардад. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ Мустафои Абдулфайз бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Мустафои Абдулфайз дар вазни 66 килограмм дар Ҷоми Осиё оид ба гӯштини кураш миёни калонсолон (Asian Senior Kurash Cup), ки аз 22 то 25 майи соли 2026 дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қарақалпоқистони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштироки шоиста намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид ва бо медал ва ҷоми мусобиқа сарфароз шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ наздики 100 варзишгар аз кишварҳои гуногуни Осиё, аз ҷумла Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Тайпеи Чин ва Сингапур иштирок намуда, барои дарёфти ҷойҳои намоён миёни ҳам рақобат намуданд. Дастоварди Мустафои Абдулфайз дар чунин сабқати сатҳи баланд далели омодагии ҷиддӣ, маҳорати варзишӣ ва иродаи мустаҳками ҷавонони тоҷик мебошад.