,
Душанбе, 25-май
Шоми 23 май, дар шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати кормандон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуданд.
Барномаи ҷашнӣ бо намоиши дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва варзишии ҷавонон оғоз ёфт. Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар ин намоишгоҳи эҷодӣ ихтироъҳо, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва корҳои фарҳангиву варзишии худро манзури иштирокчиён гардониданд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани табрикотӣ баромад карда, саҳми созандаи ҷавононро дар рушди ҷомеа ва пешбурди соҳаҳои муҳими кишвар таъкид намуд.
Ҳамзамон дар идома бо сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб як қатор кормандони ҷавони донишгоҳ барои саҳми арзандаашон дар самти таҳсил, фаъолияти илмӣ, варзиш ва ҳаёти ҷамъиятӣ қадршиносӣ гардиданд.
Қисмати хотимавии чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии гурӯҳҳои ҷавонӣ ва ансамблҳои ҳунарии шаҳрӣ анҷом ёфт. Суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои ҷаззоб фазои идона ва рӯҳбаландиро дар миёни ҳозирин фароҳам сохтанд.