, Душанбе, 25-май

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар ҷаласаи васеи кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти кафедраи мазкур Шарифхоҷа Саодат Амирхоҷа дар мавзуи “Пословичный жанр в лингвистике: структура и содержательные стороны (на материале разноструктурных языков)”, (мушовири илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳмон Наргис Шариф) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология аз рӯи ихтисоси 6.2-Филология. 6.2.14-Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва мушовири илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат