, Душанбе, 25-май

ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ


ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 23 майи соли 2026, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳошияи истиқбол аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ бо иштироки ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷавононпарварӣ доир шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ ва таҳкими нерӯи ҷисмониву маънавии ҷавонон равона гардид.

Машқи пагоҳирӯзӣ дар доираи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро намуда, аҳаммияти варзишро ҳамчун омили муҳими солимии ҷомеа ва воситаи таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон таъкид карданд.

Иштироки фаъоли омӯзгорону донишҷӯён ва ҳайати раёсати донишгоҳ дар ин ҳамоиши варзишӣ бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти муассиса ба масъалаи солимии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва рушди фарҳанги ҷисмонӣ мебошад.

Қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд ҳамеша ба варзиш машғул шуда, бо рӯҳияи солим, дониши муосир ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардида, барои таҳкими саломатӣ ва фаъолсозии ҷавонон мусоидат хоҳанд намуд.




Ба рӯйхат