,
Чоршанбе, 10-июн
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии аъзоёни Дастаи олимпии донишгоҳ дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, ки ин идомаи мантиқии чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар донишгоҳ мебошад.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси дастаи олимпии донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, саҳми донишҷӯён ва устодони роҳнаморо дар ноил гардидан ба чунин муваффақиятҳо арзишманд арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, Шарифзода Идибек - муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон зимни баромади худ аз сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ёдовар шуда, дастоварди дастаи олимпии донишгоҳро мояи ифтихор ва намунаи равшани донишандӯзиву талоши пайвастаи ҷавонон арзёбӣ кард.
Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштироки шоиста намуда, миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бо соҳиб шудан ба 15 ҷойи намоён, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 2 ифтихорнома, дар ҷамъбасти умумии натиҷаҳои даставӣ сазовори мақоми дуюм гардидаанд. Ин дастоварди арзишманд бозгӯи сатҳи баланди омодагии илмӣ, дониши мукаммал ва талошҳои пайвастаи донишҷӯён, инчунин маҳсули фаъолияти самараноки устодони роҳнамо ва муҳити мусоиди таълимиву илмии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳайати дастаи олимпии донишгоҳ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сипоснома тақдим гардида, дастоварди донишҷӯён ва саҳми омӯзгорони роҳнамо дар рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон қадршиносӣ карда шуд.