,
Душанбе, 25-май
22 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректор донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсату бахшҳо, деканони факултетҳо ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректор донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани табрикотӣ қайд намуданд, ки дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳафзо мову Шумо бо қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан ва ифтихор аз ҷавонмардиву комёбиҳои насли ҷавон, дар ҳамоиши пуршукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъ омадаем. Бо камоли мамнуният ва иродатмандӣ ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрику шодбош гуфта, орзуманди саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятон дар роҳи ободу сарсабзии Тоҷикистони гулбадомон ҳастем.
Таъкид гардид, ки ирӯз, вақте дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин ду санаи муҳими ҳаётии ҷомеа таҷлил мегардад, мо бо эҳсоси баланди масъулият, бо бовар ба неру ва иродаи созандаи ҷавонон, сарфароз аз дастовардҳои фарзандони ин миллати соҳибтамаддун шукронаи собватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо меоварем. Дар ин баробар ҳиядоятҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар нисбати ҷавонон-"Ҷавонон на танҳо ояндаи давлатанд, балки имрӯз худ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд" сармашқи кор ва манбаи илҳоми фаъолияти худ медонем.
Бо таваҷҷуҳ ба Рӯзи ҷаҳонии футбол таъкид гардид, боиси ифтихор ва шарафмандии халқи тоҷик аст, ки ҷумҳурии мо ташаббускори эълон гардидани рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ин иқдом на танҳо як дастоварди варзишӣ, балки далели возеҳи саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди варзиши ҷаҳонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамгироии кишварҳо маҳсуб меёбад.
Ин пайки сурурбахшу ифтихорафзо гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар бо тамоми имконот барои ҳимоя ва рушди иқтидори ҷавонон талош меварзад.
Дар идома дастаи кормандони донишгоҳ, ки дар мусобиқаи футболи хурди шаҳрӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб бахшида ба эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол гузаронида шуд.
Сипас, барномаи бошукӯҳ ва рангини ҳунарии ансамбли “Гулрез”-и бахши фарҳанги донишгоҳ, иборат аз суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Барномаи фарҳангӣ бисёр шавқангез ва хотирмон буд. Дар барномаи ҳунарии кормандони ансамбли “Гулрез”-и донишгоҳ суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот, рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ ва васфи ҷавонию зебоиҳо он садо доданд.
Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки ҷавонони донишгоҳ пайравони ҳақиқии Пешвои миллат буда, дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушду шукуфоии ҷомеа нақши муассир доранд.