,
Душанбе, 25-май
Санаи 20.05.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҷавонон дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат” бахшида ба 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст, сардори раёсати тарбия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас, Яъқубзода Фируз-дотсенти кафедраи сиёсатшинос дар мавзуи “Ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва пешбарандаи рушди ҷомеа”, Ҷумаева Дилором-дотсенти кафедраи забони муосири рус дар мавзуи “Роль молодёжи в обществе”, Шоҳсанами Ризо-номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва веб-дизайн дар мавзуи “Занон ва олами рақамӣ” ва Ҳасанов Маҳмадсаид-номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафа дар мавзуи “Масъулияти маънавии ҷавонон ва дар шароити ҷаҳонишавӣ” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу пешбарандаи ҷомеа дар рушди илму техника, иқтисод, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳифзи масъулияти маънавӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳимми ташаккули ҷавонони худогоҳу рақобатпазир ба ҳисоб мераванд.