,
Душанбе, 25-май
Дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмию методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми навбатии илмӣ-маърифатӣ амалӣ гардид. Бо даъвати раёсати донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷаев Давлатбек барои устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика силсиладарсҳои лексионӣ баргузор намуда истодааст.
Машғулиятҳои дарсӣ дар давоми 4 рӯз (аз 19 то 22 майи соли ҷорӣ) сурат гирифта, бештар донишҷӯёни ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик»-ро фаро гирифта шудаанд. Меҳвари асосии ин дарсҳои маҳоратро баррасии амиқи масъалаҳои мураккаб ва мубрами наҳв (синтаксис)-и забони тоҷикӣ ташкил медиҳад.
Профессор Давлатбек Хоҷаев зимни маърузаҳои хусусияти назариявӣ ва амалидоштаи худ, диққати ҳозиринро ба усулҳои нави таҳлили сохтори дастурии забон, таҳаввули тарихии наҳв ва масоили баҳсталаби синтаксис ҷалб намуда, маълумоти васеву ҷолиби диққати илмиро пешкаши донишҷӯён гардонид.
Бояд гуфт, ки ин машғулиятҳо танҳо шакли лексияи оддиро надошта, дар формати мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод сурат гирифтанд. Устодон ва донишҷӯёни факултет бо пешниҳоди саволҳои мушаххас дар таҳлили мавзуъҳо фаъолона ширкат варзида, заминаи донишҳои назариявии худро мустаҳкам намуданд.
Ин гуна табодули таҷриба ва баргузории дарсҳои устодони шинохтаи кишвар дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб анъанавӣ буда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, савияи дониши тахассусии донишҷӯён ва шиносоии онҳо бо дастовардҳои нави илми филологияи тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.