, Шанбе, 16-май

ВАРЗИШ - ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА


ВАРЗИШ - ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Субҳи барвақти имрӯз, 16 майи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ бо иштироки ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳо бахшида ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Ҳадаф аз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва таҳкими нерӯи равонии кормандону муҳассилин мебошад. Тамринҳо бо роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он баргузор гардида, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногунро иҷро намуданд.

Иштироки фаъолонаи ҳайати раёсати донишгоҳ дар ин ҳамоиши варзишӣ нишон медиҳад, ки масъалаи солимии ҷавонон ва рушди фарҳанги варзишӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса қарор дорад. Ташкили чунин барномаҳо як ҷузъи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳсуб меёбад.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат