,
Шанбе, 16-май
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “Ҷомеа ва ҷаҳон”, ки назди кафедраи фалсафа фаъолият мекунад, имрӯз (15.05.2026) бо иштироки ҳайати омузгорони кафедра ва донишҷуёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ баргузор гардид.
Маҳфилро роҳбари он, ассистенти кафедраи фалсафа Шокирзода Аёз ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти чунин маҳфилҳо дар рушди тафаккури фалсафӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷуён ибрози назар намуд. Сипас, донишҷуёни курси якуми факултети филологияи хориҷӣ Шарипова Ҷонона дар мавзуи “Тамаддуни Амрикои Шимолӣ” ва Бобоева Иборат дар мавзуи “Тамаддуни Африқо” маърузаҳои худро ироа карданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва омузгорон мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён фикур андешаҳои худро бобати мавзуъҳои баррасишаванда баён доштанд