,
Шанбе, 16-май
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ миёни донишҷуёни донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» дар соли 2026 роҳандозӣ гардид.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар робита ба эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ва таҷлил аз Рӯзи ҷавонони тоҷикистон, ки ҳамасола 23-май дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа 10-даста аз ҳисоби донишҷуёни факултетҳои донишгоҳ ташкил шуда, байни ҳам сабқат намуданд. Рақобатҳо миёни дастаҳо пуршиддат ҷараён гирифта дар натиҷа дастаи факултети молиявию иқтисодӣ ҷойи аввал, дастаи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ҷойи дуюм ва дастаи факултети химия ва биология сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибони даври ниҳоии мусобиқа дар арафаи таҷлил аз Рӯзи ҷавонон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.