, Шанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

Дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки ҳайати омузгорон ва донишҷуёни донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, зикр дошт, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Сипас, раиси шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Қаюмова Мубина баромад намуда, аз ҷумла қайд дошт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Баъдан сардори раёсати тарбия, дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи “Сабабҳои вайроншавии оилаҳо ва таъсири манфии он ба ҷомеа (аз нигоҳи психологӣ)” баромад намуда, таъкид кард, ки таҳкими фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон аз омилҳои муҳими пойдории оила ва солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат