,
Шанбе, 16-май
Имрӯз, 15.05.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат доир гардид.
Дар оғоз, доир ба масъалаи “Ҳолати баргузории ҷаласаҳои деканат, кафедраҳо ва самаранокии иҷрои вазифаҳо” роҳбари гурӯҳи корӣ, н.и.п., дотсент Файззода Бахтовар маърӯза намуда, оид ба сатҳи ташкилу баргузории ҷаласаҳо, тартиби иҷрои қарорҳо ва масъулияти сохторҳо маълумот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторӣ тақвияти назорат ва риояи интизоми меҳнатӣ зарур мебошад.
Сипас, вобаста ба масъалаи “Натиҷагирӣ аз фаъолияти факултетҳо дар соли таҳсили 2025-2026 ва муайянсозии рейтинги онҳо” роҳбари гурӯҳи корӣ, ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр гузориш дод. Дар ҷараёни муҳокима фаъолияти факултетҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иштироки донишҷӯён дар озмуну чорабиниҳо таҳлил гардида, масъалаи беҳтар намудани сифати таълим ва боло бурдани нишондиҳандаҳои рейтингӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамчунин, доир ба масъалаи “Натиҷагирӣ аз таҷрибаи омӯзгорӣ ва омодагӣ ба гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ” Шарипов Назрулло - роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон маърӯза намуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳо ва беҳтар намудани сатҳи таҷрибаомӯзии донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва татбиқи босамари нақшаҳои корӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад