, Ҷумъа, 27-декабр

ВОХӮРӢ БО САРДОРИ МАРКАЗИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БПНМ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

 14.04.2023 255

ВОХӮРӢ БО САРДОРИ МАРКАЗИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БПНМ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Санаи 13-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо сардори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.

Дар вохӯрӣ Давлатов Акрам, сардори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ дар минтақаи Кӯлоб, Сафарзода Мунир, муовини ректор оид ба тарбия, Холматов Баҳром, сардори раёсати тарбия ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст дотсент Сафарзода Мунир суханронӣ намуданд. Сипас Давлатов Акрам, сардори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ дар минтақаи Кӯлоб дар бораи бемории ВНМО ва БПНМ, роҳҳои паҳншавии ин бемори ва роҳҳои ҳифз кардани худ аз ин беморӣ суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дар бораи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муаррифӣ карда шуд.

Давлатов Акрам, сардори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ дар минтақаи Кӯлоб зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки  барномаи мазкур бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, паст намудани фавт аз бемории пайдошудаи норасоии масуният, расидан ба дастрасии баланди хизматрасонии пешгирикунанда, табобат ва нигоҳубин дар самти вируси норасоии масунияти одам барои ҳар як шахс, беҳтар намудани саломатӣ ва баланд бардоштани сифати солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам тамоми ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалиро дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ҳамаҷониба эътироф  ва дастгирӣ менамояд.

Махсусан, бо ин мақсад корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам, роҳҳои интиқолёбӣ, усул ва роҳҳои пешгирии сирояти мазкур равона карда шудаанд.




Ба рӯйхат