, Шанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМУЗИШӢ ОИД БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМУЗИШӢ ОИД БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

Санаи 14 майи соли 2026 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар-машварати омузишӣ дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” барои донишҷуён, аспирантҳо, унвонҷуён ва ҳайати омузгорон баргузор гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт. Мавсуф баргузории чунин чорабиниҳои омузиширо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ихтироъкориву инноватсионӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи моликияти зеҳнӣ яке аз омилҳои муҳими рушди илм ва технология дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Зимни семинар Сорбони Саидҷалол - сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии муассисаи мазкур дар мавзуи “Моликияти зеҳнӣ ва низоми бақайдгирии давлатии он” баромад намуда, доир ба аҳамияти ҳифзи моликияти зеҳнӣ, тартиби бақайдгирии ихтироот ва нақши он дар рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҳамчунин, Шарифов Соатулло - сармутахассис-коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ дар мавзуи “Тарзи тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ариза барои гирифтани патент ва нахустпатент” суханронӣ намуда, ба иштирокчиён вобаста ба қоидаҳои омодасозии ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди дархост ва расмиёти гирифтани патент тавзеҳоти зарурӣ дод.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омузишӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳамияти муҳим дорад.




Ба рӯйхат