,
Шанбе, 16-май
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин росто, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 14.05.2026 дар факултети филологияи хориҷии донишгоҳ ифтитоҳи синфхонаи таълимӣ ба номи устоди зиндаёд, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Талбаков баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, дотсент Саодат Шарифхоҷаева, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омузгорон ва аҳли пайвандони устод иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.
Раёсат ва иштирокдорон зимни баромад таъкид доштанд, ки таъмир ва ифтитоҳи синфхонаи мазкур ва силсилаи чунин синфхонаҳо дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳ ва нақши устоди зиндаёд дотсент Қурбон Талбаков дар рушди маориф ва тарбияву омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ иброз гардид, ки аз ҷумлаи омузгорони фидоӣ ва зиёиёни хирадафрӯзи тоҷик аст, ки тамоми фаъолияти кории худро ба рушди маориф, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва таҳкими пояҳои илму дониш бахшидааст. Ӯ яке аз асосгузорони низоми муосири таълими забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шумор рафта, дар таъсиси Маркази омузиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав, инчунин кушодани факултети филологияи хориҷӣ саҳми таърихӣ гузоштааст.
Бо ҷаҳонбинии васеъ, малакаи баланди ташкилотчигӣ ва масъулияти касбӣ тавонист муҳити солими илмӣ ва таълимиро дар факултет ташаккул дода, барои омоданамоии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон заминаи устувор фароҳам оварад. Маҳз бо роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи ӯ даҳҳо омӯзгорону мутахассисони варзида ба камол расида, имрӯз дар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд. Фидокории устод дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навини таълим ва ҷалби омузгорони соҳибтаҷриба ба раванди таълим гувоҳи садоқати бепоёни ӯ ба илм, маориф ва тарбияи насли наврас мебошад. Аз ин рӯ, ном ва фаъолияти Қурбон Талбаков ҳамчун омузгори асил, роҳнамои ҷавонон ва ташаббускори рушди таҳсилоти забонҳои хориҷӣ дар таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо эҳтиром ва қадршиносӣ ёд мешавад.
Дар умум, таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омузгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.