,
Шанбе, 16-май
(дар заминаи арҷгузорӣ ба заҳмати зиёиёни хирадафрӯз ва таъсиси синфхонаҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин росто, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 14.05.2026 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ ифтитоҳи синфхонаи таълимӣ ба номи зиёии хирадафрӯз, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, профессор, Ҷумъахон Алимӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, ки ба сифати раиси имтиҳоноти давлатӣ дар ихтисосҳои филологияи тоҷик ҳузур дорад, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омузгорон ва аҳли пайвандони устод иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.
Раёсат ва иштирокдорон зимни баромад таъкид доштанд, ки таъмир ва ифтитоҳи синфхонаи мазкур ва силсилаи чунин синфхонаҳо дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба нақш ва ҷойгоҳи профессор Ҷумъахон Алимӣ дар рушди маориф ва тарбияву омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ иброз гардид, ки устод яке аз чеҳраҳои барҷаста ва таъсиргузори илму маорифи муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бо фаъолияти пурсамари илмӣ, омузгорӣ ва ҷамъиятии худ дар рушди забоншиносӣ, бахусус соҳаҳои ономастика ва топонимия, саҳми арзишманд гузоштааст. Ӯ аз нахустин муҳаққиқоне мебошад, ки таҳқиқи илмии топонимияи минтақаи Кӯлобро ба роҳ монда, бо таҳияи равишҳои муосири таҳқиқотӣ ва таълимӣ барои рушди илми миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар баробари фаъолияти густурдаи илмӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ дар омоданамоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва омузгорӣ нақши меҳварӣ дошта, садҳо шогирдону муҳаққиқонро тарбия намудааст. Танҳо дар солҳои охир таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ даҳҳо унвонҷу, аспирант ва докторант рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, имрӯз ҳамчун мутахассисони варзида дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият доранд. Дар баробари фаъолияти густурдаи илмӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ дар омоданамоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва омузгорӣ нақши меҳварӣ дошта, садҳо шогирдону муҳаққиқонро тарбия намудааст. Танҳо дар солҳои охир таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ даҳҳо унвонҷу, аспирант ва докторант рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, имрӯз ҳамчун мутахассисони варзида дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият доранд. Устод Алимӣ 5 маротиба сазовори ҷоизаи «Олими сол» гардида, ҳамчунин дар арафаи ҷашни 80-солагии донишгоҳ бо ҷоизаи «Ифтихори донишгоҳ» қадрдонӣ шудааст. Зеро дар давраи фаъолияташ 16 нафар шогирдонаш - аспирантон, докторантон ва унвонҷуёнро то дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм расонида, омода намудааст.
Мактаби илмии устод, ки бар пояи дониш, таҷриба, ҷаҳонбинии васеъ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ бунёд ёфтааст, имрӯз ҳамчун яке аз муҳитҳои муҳими ташаккули андешаи илмӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон эътироф мегардад. Аз ин рӯ, таъсиси синфхона ба номи профессор Ҷумъахон Алимӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори ӯ дар роҳи рушди илму маориф, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва таҳкими худшиносии миллӣ буда, омили муҳим барои пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.
Дар умум, таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омузгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.