,
Шанбе, 16-май
Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.
Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.
Дар анҷом, барои рушан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маорифу илм саволу ҷавоб сурат гирифт.
Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.