,
Шанбе, 16-май
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин росто, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ва сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 13.05.2026 дар донишгоҳ ифтитоҳи як қатор синфхонаҳо ва озмоишгоҳи таълимӣ ба номи устодону донишмандони варзида баргузор шуд. Ин синфхонаҳо ва озмоишгоҳ ба хотири пос доштани заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омузгорон ва аҳли пайвандони устодон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.
Таъмир ва ифтитоҳи синфхонаҳо ва озмоишгоҳи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳо ва озмоишгоҳи мазкур дар факултети физика, математика ва информатика ба номи зиёии хирадафрӯз Арабова Зайнабӣ ва дотсент Юнусов Шамшер, инчунин дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба ном ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода шуд.
Таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо ва озмоишгоҳ бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.