,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми марти соли 2023 таҳти рақами №49 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Амиров Файзуллохуҷа, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Бобоев Бахтовар, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Назарзода Бахтиёр, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда суҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.