,
Сешанбе, 12-май
Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ҷамъияти илмии донишҷуён бахшида ба 81-солагии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид.
Нахуст декани факултет, дотсент Ашуров Азамат суханронӣ намуда, аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома донишҷуён вобаста ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърузаҳои худро ироа намуда, инчунин бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаҳои тарбиявӣ хотираи қаҳрамонони ҷангро гиромӣ доштанд. Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат нақши муассир доранд.