,
Сешанбе, 12-май
Ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳизби сиёсӣ-иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки бо мақсади иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа муташаккили ҳамфикрон, тавассути ташаккул ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, иштирок дар амалҳои ҷамъиятию сиёсӣ, интихобот ва раъйпурсӣ таъсис дода мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шакли ихтисора бо номи ҲХДТ низ дар байни мардум маъруф аст, ҳизби сиёсӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда, бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар, ба истилоҳ "ҳизби қудрат" ва ё “ҳизби ҳоким” аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба такмилу мукаммалсозии Оиннома ва барномаҳои стратегии худ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоиста ва саодату хушрӯзгории мардумро яке аз ҳадафҳои асосӣ ва масъулияти муқаддаси худ медонад. Ҳизб бо такя ба арзишҳои ваҳдату субот, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳамеша барои мутобиқ намудани ҳадафу барномаҳои худ ба талаботи замон ва ормонҳои ҷомеа иқдом менамояд.
Ҳамин аст, ки дар анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2024 Оиннома, барномаи мукаммали пешазинтихоботӣ барои панҷсоли минбаъда қабул гардид. Инчунин, дар рӯзномаи Анҷуман интихоби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷой гирифта буд, ки бо ҷонибдории ҳамаи вакилони Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав интихоб гардид.
Дар парлумони кишвар аз 63 курсии вакилон 41 курсӣ ба номзадҳои (вакилонӣ) ҲХДТ рост меояд. Яъне дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2025 баргузор гардид, аксарият интихобкунандагон дар интихобот ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои ӯ овоз доданд.
Ҳизб дар ҳама минтақаҳо ва марказҳои асосии аҳолинишин филиалу намояндагиҳои худро дорад. Дар самти кор бо ҷавонон ҳизб дорои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" мебошад.
Ин ҳизб ҷонибдори давлат ва ҷомеаи дунявӣ (секуляризм) буда, марказгаро ҳисобида мешавад, ки дорои унсурҳои давлатгароӣ, зиддиклерикализм ва муҳофизакории миллӣ мебошад. Тибқи Оинномаи ҳизб, ҲХДТ ҳадаф дорад, ки "давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона бо иқтисоди устувор"-ро эҷод кунад. Дар Оиннома ҳамчунин дар бораи "умедҳо барои беҳтар кардани некӯаҳволии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, миллат ё афзалиятҳои динии онҳо" сухан меравад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар ҷомеа нуфузи махсусро соҳиб гардида, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ин ниҳод ҳаётан муҳим бо рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум ба таври шоиста муаррифӣ гардида, аз як гурӯҳи хурд ба ҳизби муосири зиёда аз бисёрҳазорнафара, ба неруи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст. Тавре муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ зикр намуданд: «Соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикорҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, рисолати ин ниҳоди бузург аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои мардуми кишвар иборат мебошад».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти кишвар мебошад. Ақидаи таъсиси ин гуна ҳизб нахустин маротиба аз ҷониби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад ва таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ соли 1994 омодагиҳо ба бунёди ҳизб шуруъ шуда буданд.
Вақте ки сухан аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меравад, пеш аз ҳама, бояд мавқеи устувору хирадмандонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар биёрем, ки он роҳи баъдинаи давлати моро муайян ва мушаххас намуд. Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, шахсан худи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки таҳти ҳидоятҳои бевоситаи ӯ ин ҳизб ташкил ёфт. Маҳз хиради азалии раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, ки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои арзанда гирифт ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи ибрати ҷаҳониён гардидааст. Қабул ва эълони ташаббусҳои байналмиллалии Роҳбарияти Олии мамлакат бори дигар гувоҳи нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон ва раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Комилан аён аст, ки Пешвои миллат, Сарвари муаззами ҳизб дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги бунёд ва таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дӯши худ гирифта, бо қабули қарорҳои муҳиму калидӣ, татбиқи воқеии онҳо дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ кишварро аз хатари маҳвшавӣ наҷот доданд ва Тоҷикистон дар радифи кишварҳои фазояш амну ором ва рӯ ба тараққӣ қарор гирифт. Бешак ҳақ ба ҷониби он соҳибназароне аст, ки кору пайкори Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар радифи шахсиятҳои бузурге, ки дар тақдири миллат нақши муҳиму бориз доштанд, қарор додаанд.
Собиқ муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод дар яке аз мақолаҳои худ қайд намуданд, ки: «Озодиҳои иқтисодӣ, аз қабили имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳое, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, ба фаъолияти иқтисодии онҳо хеле коҳиш дода, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ исбот намуд, ки дар ҳақиқат як неруи тавонову созанда аст, ки метавонад дар самти рушди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум қувваи пешбаранда бошад. Дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ ормонҳои халқ ва принсипҳои бунёдии демократия қарор гирифтаанд, чунки он маҳсули тафаккуру эъҷоди Пешвои миллат ва халқи тамаддунофари мо маҳсуб мешавад.
Дар Паёми солонаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 дар соли 2025 зикр шуд, ки «Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад».
Инчунин зикр шуд, ки: «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт».
Ин дастовардҳои арзандаву шоиста, аз баракати сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин татбиқи пайгиронаи барномаҳои мукаммали иҷтимоиву иқтисодии он ва ба марҳилаи нави рушду шукуфоӣ қадам гузоштани имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқи шарафманди кишвар гардидааст. Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар гардида, шароити зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, зеро ҳизби ҳокими давлат ба бунёди роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар баробари ин, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани даромади аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳамзамон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастгирии ҷавонону занон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ба пешрафти устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овардааст. Маҳз бо шарофати чунин сиёсати хирадмандона ва барномаҳои ҳадафмандонаи ҲХДТ Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, зиндагии мардум осудаву пурсаодат мегардад.
Ба таъкиди Пешвои миллат «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он солҳои охир дар асоси барномаҳои хеш роҳандозии иқдомҳои шоистаро вусъат дода, дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35 - солагии истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муайянро амалӣ гардонида истодаанд.
Зарур аст, ки ба ифтихори ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ роҳбариву роҳнамоӣ кардани мардум-аз тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як хонаву кошона сар карда, то дурдасттарин деҳоти мамлакат аз ҷониби аъзо ва фаъолони ҳизби мо боз ҳам вусъат дода шавад».
Айни ҳол аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздик ба як миллион нафар расидааст, ки дар 8 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид гаридаданд.
Ҳар як узви ҳизб тамоми кӯшиши худро ба он сафарбар намудааст, ки дар амалишавии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорад.
Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзем, то барои рушди иқтисод ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон шароит муҳайё намуда, дар оянда ба сатҳи кишварҳои мутараққии ҷаҳон расем.
Аминем, ки дар ин роҳи пурифтихор ва босаодат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдоронаш шарафёб мегарданд.
Барои расидан ба ин ниятҳои нек ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ва маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён гардиданд, мо-аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, тамоми неру, донишу малака ва имкониятҳои худро барои татбиқи амалии ин ҳадафҳои созанда сафарбар менамоем. Бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҳизбро марҳила ба марҳила амалӣ намуда, то ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Мо боварии комил дорем, ки ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳидояту раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизбро сармашқи кору фаъолияти ҳамарӯза ва зиндагии шоистаи худ қарор дода, барои ободиву пешрафти Ватани азиз, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии шоистаи давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Итминони қавӣ дорем, ки бо ваҳдату ҳамдилӣ, меҳнати содиқона ва иродаи устувор мо метавонем Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дастовардҳои арзанда истиқбол намоем.
Сайвализода Зокир, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви ҲХДТ