,
Сешанбе, 05-май
Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати тарбия баргузории соатҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.
Соатҳои сиёсӣ бо ҷалби омӯзгорони собиқадор ва ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву шаҳрвандии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, аҳамияти баргузор намудани чунин чорабиниҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва худогоҳии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард. Сипас, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Холиқзода Сафар вобаста ба мавзуъҳои матраҳшуда баромад намуда, андешаҳои худро доир ба татбиқи амалии ҳидоятҳои Паём ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа баён дошт.
Қайд гардид, ки худшиносиву худогоҳии миллӣ пояи устувори ташаккули шахсияти ҷавон ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути дарки амиқи таъриху фарҳанг, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан насли наврасу ҷавон метавонад дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузошта, ҳувияти миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд