,
Ҷумъа, 01-май
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ҷаласаи навбатии Шурои олимон дар соли 2026 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати ректори донишгоҳ доир гардида, дар кори он аъзои Шуро ва шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.
Дар ибтидои ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан аз ғолибияти донишҷуёну магистрантон ва докторантони PhD-и муассиса дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкорони ҷавон”, “Магистранти сол” ва олимпиадаҳои фаннӣ истиқбол намуда, дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури аъзои Шурои олимон аз онҳо қадршиносӣ намуд.
Дар идома тибқи барномаи кори Шуро масъалаҳои муҳими марбут ба сифати таҳсилот, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва раванди таълим дар факултетҳо мавриди баррасӣ ва муҳокимаву қарорбарорӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, оид ба масъалаи «Ҳолати иҷрои “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №263)» сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Лутфия маъруза намуд.
Сипас, “Вазъи ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва таълимии хатмкунандагони зинаҳои бакалаврият, магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), омодагӣ ба сессия ва аттестатсияи хатм” сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идома доир масъалаи «Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ» ҳисоботи роҳбари гурӯҳи корӣ Иброҳими Юсуф шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, вобаста ба «Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ» роҳбари гурӯҳи корӣ Холматов Баҳром баромад намуда, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Аъзоёни гурӯҳҳои корӣ доир ба сатҳи баргузории машғулиятҳо, иҷрои нақшаҳои таълимӣ, ҳолати корҳои илмӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷониби аъзои Шуро ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ мавзуи рисолаҳои докторӣ ва номзадии гурӯҳе аз устодону кормандон ва унвонҷӯёну муҳаққиқони донишгоҳ муҳокима ва тасдиқ гардиданд. Ҳамчунин муовинони ректор оид ба самтҳои таълим, илм, муносибатҳои байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагӣ вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ гузориш пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати таҳкими интизоми таълимӣ, баланд бардоштани сифати дарсҳо, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.