, Панҷшанбе, 30-апрел

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА ТАВСЕА МЕЁБАНД


ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА ТАВСЕА МЕЁБАНД

Кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар Аюб дар семинари онлайнии байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои рушди устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида шуда буд, фаъолона иштирок намуданд. Семинар бо иштироки профессор Жанета Симанавичиене аз Донишгоҳи Миколас Ромериси Литва баргузор гардида, дар он равишҳои муосири рушди устувори донишгоҳҳо, татбиқи инноватсияҳо ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирок дар чунин ҳамоишҳои илмӣ ба густариши робитаҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам замина фароҳам оварда, дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.




Ба рӯйхат