, Панҷшанбе, 30-апрел

ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ИЛМ: МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ УНВОНҶӮЁН


ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ИЛМ: МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ УНВОНҶӮЁН

Имрӯз, 27 апрели соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи муштараки кафедраҳои методикаи таълими информатика, таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн баргузор гардид, ки дар он муҳокимаи рисолаҳои илмии унвонҷӯён сурат гирифт.

Дар ҷаласа рисолаҳои диссертатсионии ду унвонҷӯ: Садриддинзода Бахтовар Садриддин- унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими информатика, дар мавзуи «Методикаи таълими моделсозии математикӣ ва компютерӣ бо истифода аз тадқиқотҳои таҷрибавӣ дар раванди омодасозии информатикони оянда», зери роҳбарии номзади илмҳои физика-математика, дотсент Ғаффорзода Алишер Бобобек ва Афизов Суҳроб Хурсандович-унвонҷӯи кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн, дар мавзуи «Асосҳои назариявӣ-методологии ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба фаъолияти таълимию маърифатӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҷидзода Ҳамид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки рисолаҳои мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3- Педагогика (5.3.10.3 - Назария ва технологияи таълими информатика) таҳия шудаанд.

Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар Аюб, инчунин мудирони кафедраҳо, профессорону дотсентон, номзадони илм ва дигар омӯзгорону мутахассисон фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ба сифати муқарриз ба рисолаи Садриддинзода Бахтовар - Муродарлизода Раҳмоналӣ Муродалӣ, дотсент ва мудири кафедраи методикаи таълими информатикаи донишгоҳ, инчунин Наимов Умед, номзади илмҳои педагогӣ ва устоди Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, баромад намуданд. Ба рисолаи Афизов Суҳроб бошад, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Академияи таҳсилот Негматов Саъдуллоҷон Эргашевич ва дотсент Аюбзода Сафар Аюб ҳамчун муқарриз иштирок доштанд. Тақризи профессор Негматов Саъдуллоҷон Эргашевич аз ҷониби котиби ҷаласа ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Муқарризон ва дигар иштирокчиён дар баромадҳои худ ҷанбаҳои мусбат ва баъзе камбудиҳои рисолаҳои пешниҳодшударо мавриди таҳлил қарор дода, барои такмил ва баланд бардоштани сатҳи илмии онҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.

Дар натиҷа, бо дарназардошти тавсияҳои пешниҳодгардида, рисолаҳои илмии унвонҷӯён анҷомёфта арзёбӣ гардида, барои марҳилаи навбатии муҳокима тавсия дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа, раёсати донишгоҳ ба унвонҷӯён ва роҳбарони илмии онҳо барору комёбӣ орзу намуда, ба онҳо дар роҳи илму таҳқиқот ва дастёбӣ ба дастовардҳои нави илмӣ муваффақиятҳои минбаъдаро таманно кард.




Ба рӯйхат