, Панҷшанбе, 30-апрел

ДАР ДДК БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД


ДАР ДДК БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 27 апрели соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарият, устодон ва волидайни донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ ҷаласаи судманд ва муҳим баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкории муассиса бо оила, баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар раванди таҳсил ва татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими таълим ва тарбия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳозиршавии саривақтӣ ба дарсҳо, омодагии пешакӣ, бо худ доштани тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ ва иштироки фаъолона дар машғулиятҳо омили асосии муваффақияти донишҷӯён мебошад. Ҳамзамон, риояи қатъии қоидаҳои сару либоси ягона, одоби муошират, эҳтиром ба устодон ва ҳамсабақон ҳамчун нишонаи фарҳанги баланди донишҷӯӣ арзёбӣ гардид.

Роҳбарияти донишгоҳ ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба тарзи ҳаёти донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки вақти холӣ, ҷалб шудан ба китобхонӣ, варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва рушди малакаҳои касбӣ бояд дар маркази диққати ҳар як донишҷӯ қарор дошта бошад. Пешгирии истифодаи бемақсади шабакаҳои иҷтимоӣ, вобастагӣ аз телефонҳои мобилӣ ва дигар омилҳое, ки метавонанд ба раванди таҳсил халал расонанд, низ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар баробари ин, масъалаи бехатарии донишҷӯён, аз ҷумла тарзи рафтуомад бо воситаҳои нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва дигар кирдорҳои номатлуб мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки назорати доимии волидайн ва ҳамкории зич бо муассисаи таълимӣ метавонад аз пайдоиши чунин ҳолатҳо пешгирӣ намояд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла:

  • баланд бардоштани сатҳи дониш ва рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори меҳнат;
  • омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир;
  • иштироки фаъолона дар олимпиадаҳо, конференсияҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзӣ;
  • тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба як қатор волидайне, ки фарзандонашон бо рафтори намунавӣ, интизоми намунавӣ ва натиҷаҳои хуби таҳсил фарқ мекунанд, аз ҷониби раёсат сипоснома тақдим гардид. Ин иқдом ҳамчун намунаи ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмати ҳам волидон ва ҳам донишҷӯён арзёбӣ шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳои судманд дар дигар факултетҳо низ пайваста баргузор гардида, ба таҳкими робитаи “донишгоҳ - оила - ҷомеа” ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳанд кард.




Ба рӯйхат