, Шанбе, 25-апрел

ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ ВА ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА


ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ ВА ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Субҳи рӯзи шанбеи 25 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳо бахшида ба истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар он ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён бо рӯҳияи баланд ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар муассиса тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва таҳкими нерӯи равонии ҷавонон мебошад. Тамринҳо бо роҳнамоии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он гузаронида шуда, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногунро иҷро карданд.

Ҳузури фаъолонаи роҳбарияти донишгоҳ дар ин ҳамоиши варзишӣ нишон медиҳад, ки масъалаи солимии ҷавонон ва рушди фарҳанги варзишӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Ташкили чунин барномаҳо як ҷузъи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш байни қишрҳои гунгуни ҷомеа маҳсуб меёбад.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат