,
Ҷумъа, 24-апрел
Дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машғулияти адабиёти бадеӣ дар гурӯҳи синни 2–3 сола таҳти роҳбарии мураббия Раҷабгули Иззат баргузор гардид. Машғулият дар асоси афсонаи халқии «Мурғ, муш ва мурғобӣ» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он рушди нутқ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва тарбияи ҳисси ҳамкориву дӯстӣ дар байни тарбиятгирандагон буд.
Дар ҷараёни машғулият тарбиятгирандагон бо шавқу рағбати зиёд шеъру суруд иҷро намуда, саҳначаи афсонаро ба таври зинда ва ҷолиб намоиш доданд. Ҳамзамон, бо иҷрои рақсу суруд фазои шодию фароғат фароҳам оварда шуда, малакаҳои эҷодӣ ва фаъолиятҳои коммуникативии кӯдакон боз ҳам тақвият ёфт.