, Ҷумъа, 24-апрел

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ДДК

Дар кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинари илмӣ-методии кафедра баргузор гардид.

Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика, профессор Раҷабзода Лутфия дар мавзуи “Тадқиқи системаи барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои интегралии Волтерра бо ядроҳои махсус” баромад намуда, масъалаҳои мубрами соҳаи таҳлили математикӣ ва роҳҳои татбиқи амалии онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд гардид, ки баргузории чунин семинарҳо бо иштироки олимону донишмандон барои густариши ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди фаъолияти таҳқиқотии омузгорону муҳаққиқони ҷавон мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои пешрафти минбаъдаи илми математика фароҳам меорад.




Ба рӯйхат