,
Ҷумъа, 24-апрел
Имрӯз, 23 апрели соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияву омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ семинар-машварати илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар профессор Абдулҳай Комилӣ иштирок намуда, ба он магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни равияи илмҳои табиӣ ва риёзӣ ҷалб гардиданд. Семинар бо сухани ифтитоҳӣ ва пазироии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан оғоз ёфт.
Ректори донишгоҳ дар суханронии худ таъкид намуданд, ки роҳбарияти муассиса бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар пайваста ҷиҳати сафарбар намудани ҷомеаи меҳнатӣ ба корҳои илмӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Зикр гардид, ки баргузории силсилаи вохӯриву машваратҳои илмӣ бо иштироки олимони варзида ва соҳибмактаб яке аз иқдомҳои муҳими донишгоҳ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи семинар профессор Абдулҳай Комилӣ доир ба таърихи ташаккул ва рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аҳамияти таҳқиқоти муосир дар пешрафти илм ва нақши ҷавонон дар ин раванд суханронӣ намуданд. Ҳамчунин ба нозукиҳои пешбурди корҳои пажуҳишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, оид ба интихоби дурусти мавзуъ, истифодаи манбаъҳои боэътимоди илмӣ, риояи меъёрҳои методологӣ, тарзи таҳияи мақолаҳои илмӣ ва роҳҳои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаҳои байналмилалӣ тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ, пойгоҳҳои додаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сифати корҳои тадқиқотӣ аҳамияти хоса дорад. Ҳамзамон, профессор иштирокчиёнро ба риояи одоби илмӣ, худдорӣ аз плагиат ва рушди тафаккури интиқодӣ ҳидоят намуданд.