, Ҷумъа, 24-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР-ХАЗИНАИ ЗАР”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР-ХАЗИНАИ ЗАР”

Дар маркази омузиши ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Ҳунар - хазинаи зар”-и назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо бо иштироки роҳбари маҳфил Раҳматов Ҷумахон, дотсенти кафедра Мирзоева Бунафша ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Раҳматов Ҷумахон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо маърузаҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуд.

Сипас, донишҷуёни факултет: Гулнозаи Ҳ. дар мавзуи “Истифодаи санъати аппликатсия дар синфҳои ибтидоӣ”, Икромова С. дар мавзуи “Тасвир аз мушоҳида дар дарси санъати тасвирӣ” маърузаҳои худро ироа намуда, масъалаҳои марбут ба истифодаи усулҳои эҷодӣ ва ташаккули малакаҳои амалии хонандагонро дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор доданд.




Ба рӯйхат